Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб самтҳои ояндадори ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ мекунад

    Сармояҳо 18 Yanvar 2023 1636

    Дар Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб бо мушовири роҳбари Палатаи савдо ва саноати Аморати Шарҷа оид ба Осиёи Марказӣ Ҷасем Исо Ал Мутав ва роҳбари ширкати «TUЯN8» Юсуф Ал Мутав мулоқот баргузор гардид.

    Музокирот дар чаҳорчӯби кор оиди ба Ӯзбекистон ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешқадами инноватсионӣ гузаронда шуд. Аз ҷумла, ширкати “TUЯN8” дар соҳаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои IT ва стартапҳо фаъолият мекунад.

    Дар рафти мулоқот ба ҳамсуҳбатон дар бораи ислоҳот дар Ӯзбекистон, аз он ҷумла дар индусрияи IT, ҷорӣ гардидани инноватсияҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат маълумотт дода шуд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Шарикони Аморат ҳавасмандии худро ба сармоягузорӣ дар соҳаи пешқадам ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Ӯзбекистон изҳор намуда, дар робита ба ин нияти ташриф оардан ба кишварамон барои гуфтушунид бо вазорату идораҳои дахлдор эълон карданд.

    Дар маҷмуъ, дар мулоқот гомҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates