Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими равобити ӯзбекистониву русиягӣ дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ва ҳампаймонии ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

Ҷараёни татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тарафҳо ҳамчунин оид ба ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.