Ба гуфтаи котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ — Аҳрор Бурҳонов дар суҳбат бо нашрияи «Известия», музокирот дар ин самт идома доранд:

«Аз рӯйи ин масъала ҳоло музокирот идома дорад ва тартиботи зарурии дохилии давлатӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло ҷонибҳо оид ба баъзе ҷузъиёти ҳуқуқӣ ба мувофиқа расиданро идома медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳоло дар бораи санаи дақиқи татбиқи ин тасмим сухан рондан барвақт аст», — гуфтааст намояндаи расмии ВКХ дар суҳбат бо «Известия».

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2025 эълон шуда буд, ки шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон метавонанд ба Ӯзбекистон барои муҳлати то 30 рӯз бо шиносномаи дохилӣ ё корти ID ворид шаванд. Барои кӯдакон низ истифодаи “киндер-паспорт” дар назар аст.