Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои омодагӣ ба Ҳаҷҷи-2026 ва тадбирҳои нав барои роҳати зиёратгаронро баррасӣ карданд

    9 ноябр мулоқоти ҳайати намояндагони Ӯзбекистон бо масъулони Вазорати ҳаҷ ва умраи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои ташкиливу омӯзишии мавсими Ҳаҷҷи соли 2026 муҳокима гардид.

    Дар вохӯрӣ муовини мушовири Президент Музаффар Комилов, раиси Кумитаи корҳои дин Содиқ Тошбоев, муфтӣ шайх Нуриддин Холиқназар, атташе Шӯҳрат Амонӣ, вазири ҳаҷ ва умра Тауфиқ бин Фавзон ар-Рабиа ва сафири Арабистони Саудӣ Юсуф ал-Утайбий иштирок карданд.

    Дар оғоз таъкид шуд, ки ба шарофати талошҳои Президенти Ӯзбекистон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд, инчунин валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, муносибатҳои дуҷониба муттасил рушд карда истодаанд, табодули ҳайатҳо фаъол шудааст ва барои зиёратгарон хизматрасониҳо дар сатҳи баланд фароҳам оварда мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи корҳои дин.

    Зимни музокирот ҷонибҳо оид ба қоидаҳои нави мавсим баҳри таъмини амнияти зиёратгарон табодули афкор намуданд. Хусусан, риояи қатъии талаботи тиббӣ, омодасозии саривақтии ҳуҷҷатҳо, иҷрои шартҳои шартномаҳо ва риояи меъёрҳои муқарраршуда дар давраи ҳаҷҷ муҳим шумурда шуд.

    Вазири ҳаҷ ислоҳотеро, ки бо ибтикори Сарвари кишвари мо иҷро мешаванд, пешрафтҳо дар бахшҳои илмиву таҳқиқот ва сохтмон, инчунин тартиби баланди ташкили ҳаҷу умра ва интизоми зиёратгарони ӯзбекистониро баланд арзёбӣ намуд. Ӯ ҳамчунин хоҳиши боздид аз Ӯзбекистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Маркази тамаддуни исломӣ ва маҷмааи ёдбудии Имом Бухорӣ дар Самарқанд изҳор кард.

    Илова бар ин, тарафҳо дурнамои рушди сайёҳии зиёратӣ, ташкили сафарҳо ба шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон, инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои илм ва таҳқиқотро баррасӣ карданд.

    Дар поёни мулоқот ҷонибҳо тӯҳфаҳои ёдгорӣ мубодила намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар чанд самт баён карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates