Сайт дар ҳолати тест кор мекунад
Лого Лого-пв-уз

    Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи ташкили нишонҳои сарҳаддиро дар марзҳои ду кишвар муайян хоҳанд кард

    Бехатарӣ 24 Avgust 2021 184

    Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон 23 августи соли равон ба Душанбе омад, ки то 28 август бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон музокироти ниҳоиро оид ба демаркатсия ва муқаррар намудани нишонҳои сарҳаддӣ анҷом диҳад.

    Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти сарҳади давлатии ду давлатро баррасӣ карда, оид ба хати демаркатсияи лоиҳа мубодилаи афкор хоҳанд кард.

    Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

    Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расиданд.

    Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.

    Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид.

    Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

    Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил медиҳад.

    No date selected
    October 2021
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates