Нуқтаҳои дар лоиҳаи "харитаи роҳ" зикршуда дар мулоқоти ниҳоии расмӣ бо иштироки: аз ҷониби Тоҷикистон -- раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷониби Ӯзбекистон -- вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев ва ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов баррасӣ шуданд

Дар ояндаи наздик ҳайати Ӯзбекистон бо мақсади таҳияи ҳуҷҷати муфассал дар асоси омӯзиши нерӯи замин ва хок, иқтидори истеҳсолии вилояти Суғд ва коркарди лоиҳаҳои мушаххас оид ба якчанд самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи Ӯзбекистон дар соҳаи созмон додани кластерҳо ва корхонаҳои бофандагӣ, кирмакпарварӣ, меваву сабзавот ва дигари истеҳсоливу азнавкоркард бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Тоҷикистон ва сафари омӯзишӣ ба объектҳои саноати аграрӣ дар рӯзҳои 24-25 июни соли равон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии ҳокимияти вилояти Тошканд бинобар ҷамъбасти сафари баландпоя ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 ташкил карда шуд. Ба ҳайати таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарони ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен ва Зафарободи Тоҷикистон, инчунин роҳбарони истеҳсолоти бузурги кишоварзӣ ва ширкатҳои давлати ҳамсоя шомил буданд, хабар медиҳад MICA.

Дар тӯли ду рӯз ҳайати Тоҷикистон иборат аз 30 нафар ба якчанд иншооти кишоварзӣ дар вилояти Тошканд рафта, мавриди омӯзиш қарор дод. Дар байни онҳо Маркази донишҳои кишоварзӣ, инноватсия ва хизматрасонии AKIS, кластери биринҷи "TСT Rice", ки дорои силсилаи пурраи истеҳсолот барои парвариш ва коркарди амиқи биринҷ мебошад, "TNA Agro Invest" оид ба коркард ва хушк кардани маҳсулоти меваю сабзавот, истеҳсолоти шарбати "Uzumfermer", корхонаи "UzTex", холдинги кишоварзии "Gold Dried Fruits», ки маҷмӯи пурраи силсила  бо корхонаҳое мебошад, ки барои парвариши меваю сабзавоти тару тоза ва истеҳсоли маҳсулоти хушк ва яхкардашуда, инчунин барои коркард ва содироти маҳсулоти тару тоза, хушк ва яхкардашуда ҷавобгӯянд.

Меҳмонон инчунин ба кластери "Real Agro Cotton" оид ба коркарди пахта ва истеҳсоли нассоҷӣ ва Ассотсиатсияи "Ӯзбекпаксаноат", ки ҳашт хоҷагиро оид ба истеҳсоли тухми кирмак, 46 хоҷагии коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва маҳсулоти тайёр ва 22 хоҷагиро оид ба истеҳсоли тухмӣ ва ниҳолҳои тут муттаҳид кардааст, ташриф оварданд.