Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои институтсионалӣ ва омодагӣ ба боздидҳои мутақобила, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима карданд.
Ба таври махсус ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз қабили энергетика (аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия), саноат, нақлиёт ва логистика, маҷмааи агросаноатӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо қадамҳои мушаххасро оиди ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба мувофиқа карданд.