Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла, сохтмони беморхонаи бисёрсоҳа дар шаҳри Самарқанд бо принсипи шарикӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, бунёди неругоҳи барқии буғу газӣ бо иқтидори 1573 МВт дар вилояти Сирдарё ва сохтмони неругоҳи бодии барқ бо иқтидори 1 ГВт дар вилояти Навоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тарафҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои стратегиро тавассути васеъ намудани портфели лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, тандурустӣ ва инфрасохтор махсус таъкид намуданд.
Барои маълумот: Sojitz Corporation — корпоратсияи маъруфи Ҷопон буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Соҳаҳои фаъолияти он энергетика, инфрасохтор, саноат, кишоварзӣ ва тандурустиро дар бар мегиранд. Ҳаҷми умумии дороиҳояш $19,2 миллиардро ташкил медиҳад. Шумораи кормандонаш — 25,3 ҳазор нафар. Моҳи июни соли 2024 ширкат намояндагии худро дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ намуд. Дар моҳи сентябри соли гузашта бошад, “харитаи роҳ”-и стратегияи ҳамкории минбаъда ба имзо расонида шуда буд.








