Ўзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатро мустаҳкам мекунанд

    Ҳайати Ӯзбекистон, ки барои баррасии масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷирати корӣ омадааст, дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад.

    Дар доираи сафар намояндагони ҳайат таҳти мавзӯи “Форуми меҳнати Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ” бахшида ба рушди муносибатҳои шуғл ва муҳоҷирати меҳнатӣ” чорабинӣ ташкил намуданд. Дар форум ассотсиатсияҳо ва созмонҳои пешқадами Кореяи Ҷанубӣ, инчунин намояндагони Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея (HRD Korea) ва зиёда аз сад ширкатҳои гуногун ширкат доштанд.

    Дар рафти мулоқот ба иштирокдорон дар бораи ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон дар айни ҳол татбиқ мегарданд, низоми бехатарӣ, муҳоҷирати меҳнати ботартиб ва қонунӣ батафсил маълумот дода шуд. Ба ғайр аз ин, шахсони мансабдори Вазорати адлияи кишварамон таҳти мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузорӣ ба Ӯзбекистон: асоси ҳуқуқӣ, сабукиҳо ва имтиёҳо маълумот доданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Дар доираи чорабинӣ бо намояндагони ширкатҳои Hyundai Heavy Machinery, Hyundai Samho Heavy Industries, Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳибихтисос аз Ӯзбекистон гуфтушунидҳо гузаронида шуда, бо ҳамватаноне, ки дар Ҷумҳурии Корея таҳсил ва кор мекунанд, вохӯрӣ баргузор гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates