Ӯзбекистон ба ВКХ Русия нисбат ба ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандони худ нотаи эътирозӣ ирсол кард

    Муҳим 11 Iyun 2025 2232

    Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳар моҳ бо ҷониби Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират мулоқотҳо ташкил мегардад.

    Зикр гардид, ки гузоришҳо дар бораи кофтуковҳои беиҷозат, беэҳтиромӣ ва муносибати дағалона нисбати шаҳрвандони Ӯзбекистон дар баъзе мавридҳо дар қаламрави Федератсияи Русия боиси нигаронӣ шудааст.

    Ба муносибатҳои дӯстонаи байни мамлакатҳо комилан мувофиқ набудани чунин ҳолатҳо, зарурати андешидани чораҳои мушаххас барои пешгирии чунин ҳолатҳо таъкид гардид.

    Дар хабари Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид гардидааст, ки Ӯзбекистон ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худро, ки дар хориҷа ба сар мебаранд ва муваққатан иқомат доранд, вазифаи устувори худ медонад.

    Аз рӯйи ин масъала Сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Маскав низ бо ҷониби Русия тавассути роҳҳои дипломатии дахлдор муколама анҷом медиҳад. Ҷониби Ӯзбекистон хостори таъмини риояи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама шаҳрвандон аст. Дар робита ба ин, мо аз мақомоти дахлдори Федератсияи Русия даъват менамоем, ки нисбати шаҳрвандони Ӯзбекистон эҳтиромона муносибат кунанд ва шаъну шарафи онҳоро паст назананд, - гуфта мешавад дар хабар.

    Илова шудааст, ки дар робита ба авзоъ дар Маскав аз ҷониби сафорати мо ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода шуда, аз Вазорати корҳои хориҷии Русия дархост шудааст, ки ин вазъро шарҳ диҳад ва ба амалкарди намояндагони созмоне, ки аз нерӯ истифода мекунад, баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

    Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ин масъаларо таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳолати зарурӣ чораҳои иловагӣ меандешад, - илова карда мешавад дар хабар.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates