Ӯзбекистон Созишномаи ҳуқуқи намунаҳои саноатиро ба имзо расонд

    Саноат 25 Noyabr 2024 1398

    Дар пойтахти Арабистони Саудӣ конфронси дипломатӣ баргузор шуд, ки онро Ташкилоти ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (ВОИС) ташкил кард. Дар он намояндагони тақрибан 193 кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, иштирок карданд.

    Дар доираи ин чорабинӣ лоиҳаи Созишномаи ҳуқуқи намунаҳои саноатӣ байни иштирокчиён баррасӣ ва ба имзо расонида шуд. Тибқи хабарҳои АИ «Дунё», аз номи Ӯзбекистон ин созишномаи байналмилалиро сафири Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ Нодирҷон Турғунов ба имзо расонд.

    Ин созишномаи байналмилалӣ идомаи мантиқии Созишномаи Гаага буда, қоидаҳои протсесуалииаз ҷониби акти Женеваи танзимнашударо дар бар мегирад.

    Ёдовар мешавем, ки 5-уми июни соли 2024 қонун «Дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба акҳҳои Женеваи Созишномаи Гаага оид ба бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ (Женева, 2-юми июли соли 1999)» қабул гардид.

    Қайд кардан зарур аст, ки пайвастан ба Созишномаи ҳуқуқи намунаҳои саноатӣ сабти намунаҳои миллии саноатиро дар кишварҳои хориҷӣ осон менамояд. Ҳамчунин, имконият фароҳам меояд, ки ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба бақайдгирии намунаҳои саноатӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия шаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates