Дар ин бора президенти Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Алишер Саъдуллаев дар Telegram канали худ маълум кард.
Дархостҳо барои иштирок ба сифати номзад аз ҷониби Ӯзбекистон, Полша ва Замбия пешниҳод шудаанд.
Аксарияти вакилон ба тарафдории баргузории ин озмун дар Ӯзбекистон овоз доданд. Тахмин меравад, ки мусобиқа ё дар Тошканд ё Самарқанд баргузор мешавад.
Ӯзбекистон бори нахуст мизбони ин мусобиқот мешавад. Соли 2024 Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт (Маҷористон) баргузор мешавад.