Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ба шоҳмотбози боистеъдоди мо Бегмуротова Сарвиноз унвони устоди варзиши ФИДЕ миёни занонро супорид.

Бегмуротова Сарвиноз ин унвонро дар синни 12-солагӣ ба даст оварда, ҷавонтарин устоди варзиши ФИДЕ миёни занон дар таърихи шоҳмоти Ӯзбекистон гардид.

Барои маълумот: соли 2019 Умида Аманова дар синни 13-солагӣ ба ин унвон сазовор шуда буд.