«Ба варзишгарони мо дар Олимпиада муваффақият, барори кор ва нерӯ таманно дорам. Ин барои мо марҳалаи муҳим аст. Дастаи мо бори аввал дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 14-ум қарор дорад. Аз ин рӯ, дар назди бачаҳо вазифаҳои муҳим – нишон додани бозии пурқувват ва ба даст овардани унвони мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии соли 2026 дар Ӯзбекистон истодаанд. Ҷамоа рӯҳи баланд дорад, тайёрии хуб дидааст. Дар пеш ғалабаҳои калон истодаанд. Илова бар ин, варзиши шоҳмот аз ҷониби ҳукумат таҳти сарварии Президенти кишвар дастгирӣ меёбад», - хулоса кард раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев.
Инчунин, мураббиён ва намояндагони Агентии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба варзишгарон таманниёти гарму чушон ва дастуру супоришҳо доданд.