Ўзбекистон сармоягузориро ба энергияи барқароршаванда васеъ хоҳад кард

    Энергетика 4 Dekabr 2023 1559

    Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Вазорати сармоягузории Аморати Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонд, ки ҳадафи он пешбурди ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсол, интиқол ва тақсими энергияи барқароршаванда мебошад.

    Дар маросим аз ҷониби Ӯзбекистон вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов ва вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов ва аз ҷониби Аморат вазири сармоягузорӣ Муҳаммад ал-Сувайдӣ ширкат доштанд.

    Ба шарофати ин санади баимзорасида барои ҷалби сармоя, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, табодули дониш, малака ва таҷрибаи техникӣ байни мақомоти давлатӣ, мақомоти танзимкунанда ва корхонаҳои бахши хусусии ҳарду кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шудааст. Шаклҳои ҳамкорӣ, ки дар созишнома пешбинӣ шудаанд, муайян кардан, мубодила ва арзёбии лоиҳаҳо ва имкониятҳои сармоягузории истеҳсоли неругоҳҳои шамол, офтобӣ, обӣ ва бунёди анборҳои барқро дар бар мегиранд.

    Барои таъмини иҷрои босамари ҳуҷҷат нақшаи муштараки чорабиниҳои минбаъда, аз ҷумла механизмҳои мушаххас ва сохторҳои масъул барои иҷрои саривақтии он таҳия карда мешавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates