Мувофиқи маълумоти Намояндагии доимии мамлакати мо дар назди сохторҳои СММ дар Вена, COPUOS -  кумитаи махсуси СММ, ки вазифаҳои асосиии он баррасии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши тадбирҳои татбиқи барномаҳои истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта, инчунин омӯзиши мушкилоти ҳуқуқие, ки дар вақти азхуд кардани фазои кайҳон ба миён меоянд, мебошад. Бо ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон 97 давлат ҳоло узви COPUOS мебошанд. Илова бар ин, 41 созмони байналмилалӣ дар Кумита ва зеркумитаҳои он мақоми нозир доранд.

Иштирок дар кори COPUOS ба кишварҳо имконияти нодиреро дар сатҳи ҷаҳонӣ барои назорат ва муҳокимаи рӯйдодҳо ва равандҳои марбут ба фазои кайҳонӣ медиҳад, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Дунё».

Гирифтани узвияти комил ба созмон ба иштироки Ӯзбекистон дар ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ ва имкони ширкат дар ҳама чорабиниҳои COPUOS мусоидат мекунад.