Резолютсия ҳар гуна таблиғи нафрат, ки иғвогарӣ ба поймолкунӣ, хусумат ё зӯровариро меорад, новобаста аз истифодаи воситаҳои чопӣ, аудиовизуалӣ ё электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар воситаҳо маҳкум менамояд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Аз афзоиши идомаи таҳаммулнопазирии нажодӣ ва мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон, табъиз ва хушунати марбут ба он ва қолабҳои манфии нажодӣ ва мазҳабӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад.

Ба ин муносибат, резолютсия ҳар гуна тарғиби кинаю адоват бар асоси асосҳои миллӣ, нажодӣ ва динӣ маҳкум карда, аз давлатҳо даъват карда мешавад, ки мувофиқи ӯҳдадориҳои худ оид ба вокуниш ба ин гуна ҳолатҳо дар асоси қонунҳои байналхалқӣ чораҳои муассир андешанд.