«Ҳукумати Ӯзбекистон интизор дорад, ки то охири соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар хеле афзоиш ёбад», - қайд мекунад нашрия.
Нашрия иқтибоси мушовири диретори идораи Роҳи абрешими Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ Шуҳрат Исоқуловро овардааст:
«Суръати пешбинишудаи афзоиш 34% буда, шумори тахминии сайёҳон ба 7 миллион нафар мерасад. Масалан, дар соли 2019 ин рақам 6,7 миллион сайёҳро ташкил дод ва бар асари пандемия якбора коҳиш ёфт.”
Дар миёни кишварҳои ИДМ Русия бузургтарин ва муҳимтарин бозор маҳсуб мешавад, зеро дар соли 2022 беш аз 600 ҳазор сайёҳи рус аз Ӯзбекистон дидан кардаанд.
"Пандемия ба соҳаи сайёҳӣ таъсир расонд, аммо солҳои охир барқароршавии устувор ба назар мерасад" - гуфта мешавад дар нашрия. - Дар соли ба Ӯзбекистон 5,2 миллион сайёҳ ташриф овард. Аз ҳама бештар аз чунин кишварҳо, ба мисли Туркия 75,6 ҳазор, Ҷумҳурии Корея 19,9 ҳазор, Олмон 17,7 ҳазор, Ҳиндустон 16,8 ҳазор, ИМА 13,1 ҳазор, Фаронса 11 ҳазор, Британияи Кабир 10,5 ҳазор, Озарбойҷон 10,4 ҳазор, Италия 8,8 ҳазор нафар», - таъкид меёбад дар хабари агентии иттилоотии Эрон.