Ўзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии Passport Index ҷои 70-умро гирифт

    Ўзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии Passport Index, ки ширкати консалтингии Arton Capital таҳия кардааст, дар байни 96 кишвар дар ҷои 70-ум аст.

    Рейтинг қудрати шиносномаро бар асоси он арзёбӣ мекунад, ки соҳибони он метавонанд бидуни раводид ё имкони дарёфти раводид ҳангоми расидан аз чанд кишвар дидан кунанд.

    Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бидуни раводид ба 24 кишвар сафар кунанд, дар 45 кишвар метавонанд дар вақти расидан раводид дарёфт кунанд ва барои чаҳор кишвар иҷозаи вуруди электронӣ талаб карда мешавад.

    Барои боздид аз 125 кишвари ҷаҳон раводиди муқаррарӣ лозим аст. Ҳамин тариқ, шиносномаи Ӯзбекистон як зина боло рафт ва дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои 70-ум қарор гирифт ва имкони боздид аз 73 кишвари ҷаҳонро дорад.

    Дар ҳамин ҳол, дар раддабандии VisaGuide.World шиносномаи Ӯзбекистон дар байни 199 кишвари ҷаҳон дар ҷои 128-ум қарор гирифт. Натиҷаи беҳтаринро дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо ишғоли ҷои 110, Қирғизистон дар ҷои 131, Тоҷикистон дар мақоми 139 ва Туркманистон дар мақоми 166 нишон доданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates