Тибқи арзёбиҳои Хазинаи байналмилалии асъор, ҳаҷми умумии иқтисоди ҷаҳон дар соли 2026 тақрибан ба 219 триллион доллар (бо ҳисоб аз рӯи ПҚХ) мерасад.
Ҳангоми муқоисаи иқтисодҳо аз рӯи ПҚХ рейтинги ҷаҳонӣ аз нишондиҳандаҳои МУД-и номиналӣ фарқ мекунад. Гарчанде ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи МУД-и номиналӣ бузургтарин иқтисоди ҷаҳон боқӣ мемонад, аммо аз соли 2014 инҷониб аз рӯи ПҚХ пешсаф Чин мебошад. Ҳаҷми иқтисоди он тақрибан 43,5 триллион доллар, дар ҳоле ки иқтисоди ИМА 31,8 триллион доллар арзёбӣ шудааст.
Дар иқтисоди ҷаҳон кишварҳои дигари Осиё низ нақши муҳим доранд. Имрӯз давлатҳои минтақаи Осиё тақрибан 49 фоизи ҳаҷми иқтисоди ҷаҳонро таъмин мекунанд ва мавқеи қитъаро ҳамчун маркази муҳими савдо ва истеҳсолот мустаҳкам менамоянд.
Ҷойи сеюм дар ҷаҳон аз рӯи МУД (ПҚХ) ба Ҳиндустон тааллуқ дорад (тақрибан 19,1 триллион доллар). Баъдан Ҷопон (6,9 трлн доллар), Индонезия (5,4 трлн доллар) ва Кореяи Ҷанубӣ (3,5 трлн доллар) ҷойгир шудаанд. Арзиши нисбатан пасти зиндагӣ дар ин кишварҳо нишондиҳандаҳои онҳоро ҳангоми ҳисоб бо усули ПҚХ зиёд мекунад.
Тибқи арзёбиҳо барои соли 2026, Ӯзбекистон дар ҷаҳон ҷойи 55-ум-ро ишғол мекунад ва ҳаҷми иқтисоди он тақрибан 511 миллиард доллар (ПҚХ) мебошад. Дар рейтинг кишвар дар паҳлуи давлатҳое чун Португалия (556 млрд доллар), Дания (529 млрд доллар) ва Юнон (485 млрд доллар) қарор дорад.