Тибқи рейтинг, сатҳи хатар ба ҳаёт ва ҳаракати шаҳрвандон дар Ӯзбекистон камтар аст.
Ба панҷ кишвари бехатартарин Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Норвегия ва Эстония шомил шуданд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷои 14-ум, Тоҷикистон 17-ум, Қирғизистон дар ҷои 26-ум қарор гирифтанд.
Поёнитарин ҷойгоҳҳоро Гвинея, Серра-Леоне ва Малӣ ишғол кардаанд.
«Safety Perception Index» ба панҷ омил тамаркуз мекунад: ғизо ва об, ҷиноятҳои зӯроварӣ, шароити номусоиди обу ҳаво, солимии равонӣ ва бехатарии ҷои кор. Ин омилҳо барои ташаккули имиҷ, ки асоси рейтинги амниятии кишварҳо мегардад, заминаи муҳиме мебошанд.
Дар ин раддабандӣ дар ҷои аввал қарор доштани Ӯзбекистон барои бемамоният омадану рафтани сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо замина фароҳам меорад.