С.И. дар аризаи худ зикр намудааст, ки аз соли 2019 дар шаҳри Ал-Буреймии Умон бо як марди аслии эронӣ, ки ҳуҷҷати шаҳрвандии ягон кишварро надорад, дар никоҳи расмӣ зиндагӣ мекард, хабар медтҳад АИ «Дунё».
С.И. соли 2020 духтар ва соли 2022 писар таваллуд кардааст, вале бинобар мушкилот бо ҳуҷҷатгузорӣ натавонистааст ба фарзандонаш шаҳодатномаи таваллуд гирад.
Шавҳари ӯ ба маводи мухаддир одат карда, нисбат ба ӯ ва фарзандон чандин бор зӯроварӣ кардааст. Ӯро дар хона маҳкам карда буд.
С.И. изҳор намудааст, ки бинобар надоштани шаҳодатномаи таваллуди фарзандон наметавонад бо онҳо ба Ӯзбекистон баргардад. Ӯ хоҳиш намудааст, ки аз ин асорат озод карда, барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва баргаштанаш ба Ватан кӯмак расонида шавад.
Ходимони сафорат ба хонаи зисти С.И. дар шаҳри Ал-Буреймӣ рафта, ӯро бо фарзандонаш ба Масқат оварда, муваққатан дар хонаи яке аз ҳамватанон ҷой доданд.
Дипломатҳо ба мақомоти дахлдори давлати Умон муроҷиат намуда, барои фарзандони С.И. шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи баргашт ба Ватан гирифтанд. Бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар», Оҷонси муҳоҷирати Ӯзбекистон ва як ҳамватани дигар дар Масқат барои ин оила билетҳои ҳавопаймоӣ ба Ӯзбекистон харидорӣ карда шуд.
18 июн С.И. бо ду фарзанди ноболиғаш ба Ӯзбекистон баргашт.