Ёдовар мешавем, ки дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуда буд, ки муовини декани Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд кӯшиш кардааст, шаъну шарафи донишҷӯро поймол кунад.
Айни замон дар ҳамкорӣ бо Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот ва тафтиши ҳамаҷонибаи ҳодиса идома дорад.
Бар асоси натиҷаи тафтишот нисбати корманди гумонбаршудаи донишгоҳ тибқи қонун чораҳо андешида мешаванд. Ва нисбати роҳбарону масъулони донишгоҳ, ки ба ин ҳодиса роҳ додаанд, чораҳои қатъии ташкилию интизомӣ андешида мешавад.
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ҳар гуна ҳаракати бар зидди шаън ва қадру қимати духтараки донишҷӯ нигарондашударо қатъӣ мазаммат мекунад бар зидди ин гуна рафтор қатъӣ мубориза мебарад.
Ба мақсади таъҷилӣ бартараф намудани ҳолатҳои ба ин монанд ва пешгирӣ кардани пайдоиши онҳо дар рӯзҳои наздик портали махсус созмон дода хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус ҳамчунин аз донишҷўдухтарон ва кормандони мактабҳои олӣ, муассисаҳои таълими касбу ҳунар, ки нисбаташон таъқиб ё зӯроварӣ содир шудаанд, даъват менамояд, ки бинобар хати боварии 1006 ё @protect_otv_bot муроҷиат кунанд.
Шахсият ва маълумоти шахсӣ кафолат дода мешавад, ки махфӣ нигоҳ дошта шаванд. Ба шумо тамоми кӯмаки зарурӣ расонда шуда, пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб таъмин карда мешавад ва нисбати ҳар як ҳолати содиршуда чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки бинобар ҷамъбасти тафтишот ҷузъиёти объективии ин раванд пешниҳод карда мешавад.