Дар чорабинӣ донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Париж таҳсил мекунанд, ва ҳамватанони мо, ки дар Италия фаъолият доранд ва ба пойтахти Фаронса омадаанд, фаъолона иштирок карданд, хабар медиҳад ИА «Дунё».
Флешмоб, ки дар назди бурҷи машҳури Эйфел баргузор гардид, таҳти шиори «Парчами мо - ифтихори мо» гузашт.
Дар паёмҳои видеоии иштирокчиёни флешмоб - докторанти Донишгоҳи PSL (Paris Sciences & Lettres), стипендиати фонди «Эл-юрт умиди» Ҷаҳонгир Бекмирзоев, ронанда аз Италия Шукрулло Фозилов, донишҷӯдухтарони Донишгоҳи Сорбонна Диёра Каримбоева ва Фарангиз Деҳқонова эҳтироми баланд нисбати рамзҳои давлатии кишвари худро иброз дошта, ҳамватанонро бо ид табрик карданд.