Ўзбекистониён барои татбиқи лоиҳаи Meta (Facebook) соҳиби гарант гардиданд

    Насли оянда 26 May 2022 1042

    Бекназар Абдикамалов ва Азиз Муртазоев аз Қароқалпоғистон ҳамроҳ бо шарики худ аз Сингапур Ҷастин Ким гранти ширкати Meta (Facebook)-ро барои роҳандозии стартапи солимии равонӣ - Ami ба даст оварданд. Ҳаҷми сармоягузорӣ 3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

    Лоиҳа сессияҳои машваратии онлайнро дар бар мегирад, то ки онҳо дастрасии бештари нигоҳубини солимии равониро таъмин кунанд. Ин ба соҳибони ширкатдар кишварҳои Осиё имкон медиҳад, ки ин нармафзорро барои беҳтар кардани солимии равонии кормандони худ татбиқ кунанд.

    Ба гуфтаи стартаперҳо, ғояи чунин платформа пас аз пандемия пайдо шуд, зеро дар ҳисоботи моҳи марти соли 2022-и Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нишон дод, ки депрессия ва изтироби ҷаҳонӣ пас аз пандемия 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

    "Мо аз ҳавас ва истеъдоди дастаи Ami мутаассирем ва бесаброна интизорем, ки онҳоро дастгирӣ кунем, то ба мардум дар Осиё боз як усули дигари дастгирии солимии равонии онҳоро диҳем" -- мегӯяд роҳбари сармоягузории Meta Сунита Парасураман.

    Ба ғайр аз Сингапур ва Ҷакарта, ду маркази стартапҳои динамикии Осиё - Ami нақша дорад, ки дар тамоми Осиё тавсеа ёбад ва ба ширкатҳо имкони ҷалб ва нигоҳ доштани истеъдодҳои беҳтарин тавассути платформаи махсуси солимии равониро пешниҳод кунад, таъкид карданд муассисони лоиҳа. Онҳо онро вазифаи худ дар баланд бардоштани дониши одамон дар бораи аҳамияти солимии равонӣ медонанд.

    Ба Meta дар даври маблағгузорӣ сармоягузорони мавҷудаи Goodwater Capital (дастгирии Kakao, Coupang ва Viva Republica), Strong Ventures, Capital January ва Collaborative Fund ҳамроҳ шуданд.

    Инчунин таъкид менамоем, ки Бекназар Абдикамалов ва Азиз Муртазоев барои IT-парк дарсҳои маҳорат гузаронданд.

    Платформа чӣ тавр кор мекунад

    Дар ҷараёни бақайдгирӣ, корбарон варақаро бо тавсифи муфассали оҳоро бештар чӣ ба ташвиш меорад, пур мекунанд ва вобаста ба ҷавобҳои онҳо, онҳо ба мутахассиси таҷрибаомӯз пайваст мешаванд ва дастгирии зарурии равонӣ мегиранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates