Байни Донишгоҳи "Ўзбекистони Нав" ва ҶС «Ўзбекнефтегаз» муоҳидаи ҳусни тафоҳум дар соҳаи таълим ва тадқиқотҳои илмӣ ба имзо расид, ки дар худ комёбиҳои пешқадами таҷрибаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро таҷассум намуда, барои ҳамаи донишкадаҳо ва донишгоҳҳо ҳамчун намуна хидмат мекунад.
Мақсади меморандум таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омодасозии муштараки кадрҳои баркамол барои саноати нафту газ тавассути роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилаи тарафҳо мебошад.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ коромӯзии кадрҳои илмию педагогӣ ташкил карда мешавад. Ба донишҷӯён, муаллимоне, ки корҳои илмӣ мебаранд, инчунин дар ташкили таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ кумак расонида мешавад.
Дар доираи меморандум инчунин ташкил кардани корҳои лабораторӣ оид ба фанҳои соҳавӣ дар корхонаҳои дар ихтиёри ҶС қарордошта, ба мақсади таъмини ҳамгароии таълимӣ ва истеҳсолӣ ба назар гирифта шудааст.
Ба ғайр аз ин, дар бо кор таъмин кардани хатмкунандагон, татбиқи лоиҳаҳои муштаракаи илмию тадқиқотӣ, ташкили курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ, конфронсҳо кумак расонда хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти «Ўзбекнефтегаз».