Ҳайати Ўзбекистон дар Ҷопон музокироти самарабахш гузаронд

    Дар ҷараёни боздиди ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини Сарвазир Ҷамшед Қӯчқоров дар Ҷопон дар вазорату идораҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои илмии ин кишвар як қатор мулоқотҳои судманд баргузор шуданд.

    Аз ҷумла, роҳбари ҳайат бо ноиби президенти «Japan international training Cooperation Organzatinon» (JITCO) Шигео Матсумоти, вазири тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва таъминоти иҷтимоӣ Катсунобу Като, муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Юми Йосикава, ноиби президенти Ҳизби либерал-демократӣ Таро Асо, вазири молия Шуничи Сузуки вохӯрд.

    Дар вохӯриҳо масъалаҳои рушд ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои дахлдор, инчунин имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

    Дар баробари ин, узви ҳайати вакилони Ўзбекистон бо раиси Ташкилоти ҷопонии корхонаҳои хурду миёна ва Созмони минтақавии дастгирии инноватсияҳо (SME Support Japan) Айтсуси Тойонага, роҳбарияти Маркази байналмилалии тадқиқоти Донишгоҳи Ямагата, намояндагони яке аз ширкатҳои бузаргтарини «Shimizu Corporation»-и Ҷопон мулоқот анҷом дод.

    Хайати вакилон инчунин ба маркази иттиҳодияи калонтарини кооперативии Ҷопон «JA Group»-и шаҳри Обу рафта, бо фаъолияти «Бозори фермерӣ» шинос шуд.

    Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳо оид ба ташкили табодули таҷриба ва ҳайатҳо, таҳияи масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates