Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар ҷараёни сафар вазири Ӯзбекистон бо роҳбарони вазоратҳои маорифи Аргентина, Лаос, Габон, Тунис, Гаити, Серра-Леоне, Бангладеш, Ҳиндустон, ҷазираи Малдив, Филиппин, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Руминия мулоқот анҷом дод.
Вазирони маорифи кишварҳои хориҷӣ ба дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи тарбияи томактабӣ баҳои баланд доданд. Дар навбати худ раҳбари идора Агриппина Шин таъкид кард, ки Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакон имкон медиҳад, ки рӯзномаи соҳаи маорифи томактабӣ то соли 2030 муайян карда шавад, ки дар он ҳуқуқи ҳар як бача ба таълиму тарбияи босифати томактабӣ таъмин карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи аввали сафар ҳайати кишвари мо дар Ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба дигаргунсозии маориф ширкат варзиданд. Инчунин, зимни иштирок дар Саммит бо директори Бюрои байналмилалии маорифи ЮНЕСКО Яо Иду ва роҳбари шӯъбаи сиёсат ва системаҳои таҳсилоти якумраи ЮНЕСКО Борхен Чакрун мулоқот доир гардид, ки дар он масъалаҳои ширкати ҳайати Ӯзбекистон дар Ҳамоиши мазкур, аз ҷумла иштирок дар сессияҳои мубоҳисавӣ, ки намояндагони Ӯзбекистон, Лаос, Габон ва ЮНЕСКО ташкил кардаанд, инчунин Конфронси дарпешистода оид ба таълиму тарбияи бачаҳои синнашон хурд дар Тошканд 14-16 ноябри соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рӯзи дуюми сафари худ ҳайати Ӯзбекистон дар ҷаласаи «Тағйири маориф аз хурдсолӣ сар мешавад: гузоштани пойдевор аз хурдсолӣ», ки аз ҷониби намояндагони Ӯзбекистон, Габон, Лаос, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Коллеҷи омӯзгорони Донишгоҳи Колумбия, Бунёди Конрад Хилтон, Фонди Лего, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин шабакаи амалиёт оид ба рушди кӯдакони хурсол (ECDAN) ташкил карда шудааст, иштирок кард, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Дунё».
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари вазири Ӯзбекистон бо муовини директори генералии ЮНЕСКО Стефания Ҷанини мулоқот сурат гирифт.