Ширкати ӯзбекистонӣ имкони содироти лимонро ба кишварҳои Бенилюкс меомӯзад

    Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс Дилёр Ҳакимов ва директори корхонаи «Valley Fruits» дар вилояти Наманган (Ӯзбекистон) Зухриддин Хошимов масъалаҳои дар бозорҳои хориҷӣ пайдо кардани харидорони маҳсулоти Ӯзбекистон, мусоидат ба афзоиши содирот ва иштироки корхонаҳои ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷиро баррасӣ карданд.

    Корхонаи «Valley Fruits» соли 2017 дар вилояти Намангон барои хушк кардан, коркард ва содироти меваю сабзавот таъсис ёфтааст.

    Ширкат дорои сертификати байналмилалии GlobalG.A.P. барои маҳсулоти худ мебошад. Ин шаҳодатнома ба "Valley Fruits" имкон медиҳад, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо содир кунад.

    Ҳоло ин корхона хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони вилоятро дар асоси кооператив муттаҳид намуда, ба содироти маҳсулоти лимӯи парваришкардаи онҳо шурӯъ кардааст.

    Аз ҷумла, то имруз аз 81 хоҷагиҳо ва иҷорачиёни ноҳияи Норин 250 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шудааст. Тибқи иттилои "EastFruit", қарор аст, лимон ба бозорҳои Олмон, Швейтсария ва дигар кишварҳои Аврупо интиқол дода шавад.

    Дар рафти вохӯрӣ оид ба имкони содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкати "Valley Fruits Cooperative" ба кишварҳои Бенилюкс бо назардошти стандартҳои аврупоӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Дар натиҷаи вохўрӣ дар мавриди фиристодани намунаҳои маҳсулоти "Valley Fruits Cooperative" ба ширкатҳои манфиатдори давлатҳои Бенилюкс, инчунин барои иштироки ширкат дар намоишгоҳҳои хориҷӣ дар давоми сол созиш ба даст омад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates