Ин хатсайрҳо дар постгоҳҳои бузурги гумрукии сарҳадӣ бо ҳаракати пуршиддати молҳо ва воситаҳои нақлиёт фароҳам оварда шуда, бо аломатҳои махсус муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи гумрук хабар додааст.
Дар ин хатсайрҳо авлавият ба мошинҳое дода мешавад, ки меваю сабзавоти тез вайроншаванда мекашонанд.
Ба ронандагони мошинҳои боркаш, ки молҳои зудвайроншавандаро барои содирот интиқол медиҳанд, тавсия дода мешавад, ки дар мошинҳои худ аломати махсуси “Борҳои зудвайроншаванда”-ро насб кунанд.
Ин имкон медиҳад, ки мошинҳо дар постгоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ ба хатти алоҳида равона карда шаванд.