Низоми нави рушди соҳаи меваю сабзавот ҷорӣ карда мешавад

    Ҳукумат 24 Noyabr 2021 8000

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 24 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба чораҳои рушди соҳаи меваву сабзавот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид.  

    Дар раванди рушди кишоварзӣ дар мамлакатамон ба низоми кластерӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Дар кластерҳои пахтакорию нассоҷӣ, ғаллакорӣ, меваю сабзавот ва токпарварӣ нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории истеҳсолот мунтазам меафзояд.

    Дар соҳаи меваю сабзавоти кишоварзӣ низ кластерҳо ташкил карда мешаванд. Аммо натиҷаҳои кори онҳо ҳануз ба имкониятҳо мувофиқ нест. Инак, бинобар ҳисобу китобҳо, соҳа қодир аст ба 5 миллион доллар маҳсулот содир кунад, ҳоло ин нишондиҳанда 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кластерҳои меваву сабзавот дар ноҳияҳои Асака, Ангор, Деҳнав, Ҷомбой, Самарқанд, Олтиариқ, Қува, Юқоричирчиқ ва Янгиқўрғон дар айни ҳол ба маблағи 20-25 миллион доллар бомуваффақият маҳсулот содир мекунанд.

    Дар ҷамъомад имконияту мушкилоти мавҷудаи соҳа таҳлил гардида, тадбирҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо кор таъмин намудани ахолӣ муҳокима карда шуданд.

    - Пеш дар пахтакорӣ мо фақат ашёи хом мефурӯхтем. Дар солҳои беҳтарин даромад ба 1 миллиард доллар баробар буданд. Ва имрӯз коркарди пахта дар ватан ба 3 миллиард доллар расид. Ва ин танҳо нишондиҳандаи содирот аст. Ва боз чӣ қадар ҷойи кор, манбаҳои даромад ва андоз ба вуҷуд омад. Агар кор дуруст ташкил карда шавад, дар меваву сабзавотпарварӣ чунин натиҷа ба даст овардан мумкин аст. Имконият дар зери пои мост, - гуфт сарвари давлат.

    Таъкид гардид, ки низоми нави рушди кластерҳои меваю сабзавот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасон, маблағгузории онҳо, инчунин васеъ намудани хизматрасониҳои кишоварзӣ ҷорӣ карда мешавад.

    Ҳамин тариқ, аз 1 декабри соли ҷорӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти меваю сабзавот тавассути Фонди дастгирии давлатии кишоварзӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Барои ин байни кластер, фермер ва бонк шартномаи сеҷониба ба имзо расонда мешавад. Қарзҳо ба мӯҳлати як сол бо ставкаи 14 фоиз бо давраи имтиёзноки 6 моҳ дода мешаванд.

    Кластерҳо инчунин барои харидории маҳсулот аз аҳолӣ ба қарзҳои 12-моҳаи "гардишӣ" дастрасӣ пайдо мекунанд. Яъне, кластерҳо аз маблағҳо аз рӯи зарурат истифода мебаранд ва пардохтҳои фоизиро танҳо барои давраи истифодаи қарз мепардозанд. Ба ин мақсадҳо 2 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

    Барои барпо намудани боғу токзорҳои хурди интенсивӣ ва рушди мевау сабзавотпарварӣ ба маблағи то 100 миллион сӯм бо ставкаи имтиёзноки 14 фоизи солона кредит бе гарав дода мешавад. Ба ин мақсадҳо 100 миллион доллар маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ равона карда мешаванд.

    Ба ғайр аз ин, 50 фоизи хароҷоти кластерҳо барои суғуртаи ҳосили меваву сабзавот аз хавфҳо аз ҳисоби буҷа ҷуброн карда мешавад.

    Ба вазоратҳои дахлдор оид ба ташкил кардани низоми мазкур супориш дода шуд.

    Дирӯз, 23 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қарор дар бораи чораҳо оид ба рушди соҳибкории оилавӣ дар соҳаи мевавусабзавотпарварӣ ва токпарварӣ, афзун гардондани ҳисаи хоҷагиҳои фермерӣ дар истеҳсолоти кишварзӣ имзо кард. Дар фармон ба аҳолӣ барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ додани 80 ҳазор гектар замин, ки аз ҳисоби кам кардани майдони пахта ва ғалла аз худ карда шудаанд, пешбинӣ шудааст.

    Қитъаҳои майдонашон аз 10 сотих то 1 гектар бинобар натиҷаи тендери кушодаи электронӣ ба мӯҳлати 10 сол ба иҷора дода мешаванд.

    Сарвари давлатамон таъкид кард, ки дар ин маврид бояд шумораи ҷойҳои корӣ ва таҷрибаи кишоварзии довталабон меъёри асосӣ бошад ва дар интихоби онҳо ба намояндагони қишри камбизоат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

    Дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ба хоҷагиҳои навтаъсис қарз ба мӯҳлати 2 сол бо давраи имтиёзноки 6 моҳа дода мешавад. Аммо дар сурати самаранок истифода набурдани замин шартномаи иҷора метавонад ба тариқи суд қатъ карда шавад.

    Ба шахсони масъул оиди ба озмуни кушод гузоштани замин ва тибқи талаботи боло расмигардонии кадастрии қитъаҳои пешниҳодшуда супориш дода шуд.

    Дар ихтиёри аҳолии мамлакат кариб 500 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҳаст. Соли оянда ба нақша гирифта шудааст барои истифодаи самараноки онҳо 100 миллион доллар ҷудо карда шавад. Маблағҳо дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ дар асоси имтиёз дода мешаванд.

    Ба корхонаҳои хидматрасонӣ ба хоҷагиҳои ёрирасон низ бе гарав ба маблағи то 300 миллион сӯм қарз дода мешавад. Дар заминаи корхонаҳое, ки нишондиҳандаҳои самаранокии баланд доранд, таъсис додани кластерҳои хидматрасонии ёрирасон дар назар аст, ки барои бунёди ниҳолхонаҳо хизмат расонда, парки таҷҳизот, анбори яхдон, таҷҳизот барои хушккунӣ, ба навъҳо ҷудо ва бастабандии маҳсулот доранд.

    Барои харидани маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон дар ҳар ноҳия кооперативҳо ташкил карда, ба онҳо ёрдампулӣ дода мешавад.

    Масъалаи обёрии зироатҳои хоҷагии қишлоқ низ актуалӣ мебошад. Муайян карда шуд, ки тартиби аз ҳисоби буҷет қисман ҷуброн кардани хароҷот барои обёрии заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои аз муомилот баровардашуда дар минтақаҳое, ки дастрасӣ ба об мушкил аст, то 1 январи соли 2026 дароз карда мешавад.

    Дар хоҷагии ёрирасон нигоҳ доштани мурғу харгуш ва чорво манбаи муҳими фаровонӣ ва даромади оилаҳо мебошад. Ба ин муносибат дар маҷлис ба масъалаи тараққӣ додани селексияи мурғпарварӣ, дар ҳар як ноҳия ташкил намудани хизмати ветеринарӣ ва инкубаторҳо, кашондани хуроки чорво диққати махсус дода шуд.

    Вазифа гузошта шуд, ки дар ноҳияҳо оид ба рушди мевавусабзавотпарварӣ ва токпарварӣ идораҳои лоиҳакашӣ ташкил карда шаванд.

    Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида муовинони Сарвазир, роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо маълумот доданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates