Дар намоишгоҳ СМҶ “Иттиҳоди ӯзбекистонии Маскав” ҳунари лухтакҳо ва асбобҳои мусиқиро (сурнай ва карнай) намоиш дод. Фонди Китобхонаи давлатии Россия, дар навбати худ, нашрҳои чопиро дар бораи  фолклори ӯзбек таъмин кард.

Намунаҳои дурахшони фолклори мусиқии халқҳои мамлакатҳои ИДМ, аз чумла мусиқии анъанавии ӯзбек намоиш дода шуданд. Дар ин ҷо китобҳо ва маводҳои таълимӣ барои омӯхтани навохтани асбобҳои гуногуни халқӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамчунин рисолаҳои ҷудогона бахшида ба бахшҳои гуногуни ҳунари мардумӣ пешниҳод шудаанд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Намоишгоҳ 26 январи соли 2022 оғоз шуда, то 22 феврали соли 2022 дар толори мусиқии Хонаи Пашков дар Маскав кушода мешавад.