Варзишгарони Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ миёни писарону духтарон 22 медал ба даст оварданд

    Варзиш 7 Noyabr 2022 1036

    2-3 ноябр дар Қасри ҷанги тан ба тани "Ак Барс"-и шаҳри Қазон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ байни писарону духтарони 15-17-сола баргузор шуд, ки дар он варзишгарони Ӯзбекистон ширкат доштанд.

    Дар ин озмун дар баробари Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова ва Муғулистон ширкат доштанд.

    Ба ҳайати Ӯзбекистон президенти Федератсияи ҷаҳонии кураш Азизбек Ғаниев, раиси Федератсияи гӯштии камарбандӣ Равшан Дастиров, раҳбари Кумитаи рушди варзиши вилояти Тошканд Рустам Бобоқулов, сармураббии тими ҷавонон Усмон Маҳаматов шомиланд.

    Пас аз суханронии ифтитоҳии меҳмонони фахрӣ ва консерти идонаи ансамблҳои мардумии Тотористон мусобиқаи гӯштии камарбандӣ оғоз гардид.

    Тибқи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мунтахаби Ӯзбекистон 22 медал – 3 тилло, 5 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Ғолибони бозиҳо ҳамватанони зерини мо гардиданд:

    Эрмухаммадов Кувончбек - чои 1-ум дар вазни 45 кг.

    Абдураҳматов Фозилбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 45 кг.

    Мамадалиев Ҷӯрабек - ҷойи 2-юм дар вазни то 50 кг.

    Солиев Самандар - ҷойи 1-ум дар вазни 55 кг.

    Икромов Асадбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 60 кг.

    Каримҷонов Муҳаммадқодир - ҷойи 3-юм дар вазни то 65 кг.

    Сарабеков Уралбек - ҷойи 2-юм дар вазни 71 кг.

    Азимов Қувонбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 71 кг.

    Пӯлотов Фотиҳ - ҷойи 2-юм дар вазни то 77 кг.

    Маҳкамов Ҳокимҷон - ҷойи 3-юм дар вазни то 77 кг.

    Шодилбеков Шодилбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 85 кг.

    Шодахмадов Шохрухбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 95 кг.

    Мамаюсупов Нафрӯзбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 95 кг.

    Нӯъмонҷонов Ҷавоҳирбек - ҷои 2-юм дар вазни 95+ кг.

    Ёқубов Диёрбек - ҷойи 3-юм дар вазни то 95+ кг.

    Собирова Феруза - ҷойи 1-ум дар вазни то 48 кг.

    Муҳаммадова Арофатхон - ҷойи 3-юм дар вазни то 48 кг.

    Содиқова Ясмина - ҷойи 1-ум дар вазни то 52 кг.

    Абдусобирова Гавҳар - чои 3-юм дар вазни 57 кг.

    Ғаниҷонова Рӯзихон - ҷойи 3-юм дар вазни то 63 кг.

    Каримов Меҳринисо - ҷойи 3-юм дар вазни то 70 кг.

    Исакова Нилуфар - ҷойи 2-юм дар вазни 70+ кг.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates