Варзишгарони ӯзбекистонӣ дар чемпионати Осиё оид ба намуди варзиши обӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд

    Варзиш 30 Sentabr 2025 832

    Дар шаҳри Ахмадабоди Ҳиндустон чемпионати Осиё оид ба варзиши обӣ идома дорад ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон аллакай соҳиби аввалин ҷоизаҳо гардид.

    Дар финали шиноварӣ дар масофаи 1500 метр бо услуби озод байни мардон Иля Сибирцев бо натиҷаи 15:23.35 ҷои дуюмро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз шуд.

    Медали дигари дастаи мо аз ҳисоби варзишгарони ҷаҳиш ба об ба даст омад. Дар ҷаҳишҳои ҳамоҳангшуда аз трамплини се­метра Игор Мялин ва Вячеслав Качанов соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates