Дар давраи ҳисоботӣ 6 991 парванда дар бораи шикоят аз қарорҳои мақомоти маъмурӣ ва худидоракунии шаҳрвандон ва шахсони мансабдори онҳо баррасӣ гардид. Аз ҷумла, шумораи парвандаҳо оид ба беэътибор донистани қарорҳои хокимон 2 720-ро ташкил дод, ки аз онҳо 933 аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қонеъ гардонда шуд.
Судҳои маъмурии вилоятӣ ва судҳои ба онҳо баробар кардашуда дар марҳилаи апеллятсионӣ 3 174 парвандаро дида баромаданд. 385 қарори судҳои зинаи аввал бекор ва 14 қарор тағйир дода шуд. Дар марҳилаи кассатсионӣ 1 208 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки 130 қарори судҳои зинаи аввал бекор ва 4 қарор иваз карда шуд.
Дар марҳилаи назоратӣ 1 649 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, 141 қарори судҳои поёнӣ бекор ва 2 қарор тағйир дода шуд.
Ҳайати судии парвандаҳои маъмурии Суди олӣ ба тартиби назоратӣ 2 132 шикоят ва эътирозро мавриди омӯзиш қарор дод, ки 309-тои онҳо бар асоси маводи парвандаҳо баррасӣ гардиданд. Дар натиҷа, 95 қарори судҳои поёнӣ бекор карда шуданд.