«Uzbekistan Airports» дар ин бора маълумот дода, таъкид кардааст, ки қатъшавӣ ба парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо таъсир нарасонда, ҳамаи хидматрасониҳо дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият намудаанд.

Толорҳои парвоз ва фуруд бо ёрии генераторҳои дизелӣ ва UPS бо барқи эҳтиётӣ таъмин гардидаанд. Соати 2:49 барқ пурра барқарор карда шуд.

Бино ба хабари Ҷамъияти саҳҳомии «Hududiy elektr tarmoqlari», дар шабакаи 35 кВ-и «Aeroport-5», ки дар тасарруфи “Uzbekistan Airports” буда, аз зеристгоҳи “Қӯйлиқ” интиқол меёбад, носозӣ рух додааст. Бар асари ин дар таъминоти барқи фурудгоҳ қатъшавӣ ба амал омадааст. Дар ин вақт тамоми шабакаҳои тасарруфи ҶС «Hududiy elektr tarmoqlari» дар ҳолати муқаррарӣ қарор доштанд.

Соати 2:49 фурудгоҳ тавассути шабакаҳои эҳтиётии истеъмолии захира бо нурӯи барқ таъмин карда шуд.