Ҳайат бо роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Афғонистон мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Дар чорчӯби ин сафар қитъаи замин ба масоҳати 100 гектар, ки барои татбиқи лоиҳаи “Боғи дӯстӣ” ҷудо шудааст, аз назар гузаронда шуд. Дар лоиҳаи «Боғи дӯстӣ» ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ ва кори муштараки мутахассисони соҳаи кишоварзии ду кишвар пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи лоиҳа рушди боғу токпарварии интенсивӣ дар Афғонистон, баланд бардоштани иқтидори меваҷот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ ва гузоштани заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад.
Ин ташаббус намунаи муҳими густариши равобити дуҷониба байни Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошад, ки бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории судманд асос ёфтааст.











