Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар рӯи Замин тақрибан 3,04 триллион дарахт мавҷуд аст. Ин маънои онро дорад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини сайёра тақрибан 390 дарахт рост меояд.

Дар тӯли даҳсолаҳо олимон бар он буданд, ки дар ҷаҳон ҳамагӣ тақрибан 400 миллиард дарахт мавҷуд аст. Ин рақам бар асоси аксҳои моҳвораӣ муайян шуда буд. Аммо моҳвораҳо танҳо ҷойгиршавии ҷангалҳоро нишон медиҳанд, на зичии дарахтонро.

Гурӯҳи байналмилалии олимон таҳти роҳбарии эколог Томас Кроутер аввалин харитаи ҷаҳонии зичии дарахтонро таҳия намуд. Маълумоти онҳо нисбат ба арзёбиҳои қаблӣ қариб ҳашт маротиба зиёдтар будааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, зичии баландтарини дарахтон дар ҷангалҳои бореалии шимоли Канада, Аляска, Скандинавия ва Русия мушоҳида мешавад. Иқлими сард барои рушди дарахтони сӯзанбарг хеле мусоид аст.

Дар баробари ин, шумораи бештари дарахтон дар маҷмӯъ дар ҷангалҳои тропикӣ ва субтропикии Амрикои Ҷанубӣ, Африқои Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мерӯяд. Ин минтақаҳо зиёда аз 40 фоизи тамоми дарахтони ҷаҳонро дар бар мегиранд. Танҳо дар ҷангалҳои тропикии Амазонка садҳо миллиард дарахт мерӯяд, менигорад mir24.tv.

Моделсозии таърихӣ нишон додааст, ки аз оғози тамаддуни башарият то имрӯз Замин тақрибан 46 фоизи дарахтони худро аз даст додааст. Ба арзёбии олимон, ҳар сол зиёда аз 15 миллиард дарахт бурида мешавад, ҳарчанд барқароршавии табиӣ ва корҳои ҷангалбарқароркунӣ қисман ин талафотро ҷуброн мекунанд.

Олимон ҳушдор медиҳанд, ки танҳо шинонидани ниҳолҳо мушкили нобудшавии ҷангалҳоро ҳал намекунад. Барои ба дарахти калон табдил ёфтани ниҳолҳо даҳсолаҳо лозим аст. Илова бар ин, ҷангалҳои сунъӣ гуногунии биологии камтар дошта, ҳайвоноти камтарро дар худ ҷой медиҳанд ва ба бемориҳо ва хушксолӣ камтар тобовар мебошанд.

Ба таъкиди олимон, ҳифзи ҷангалҳои мавҷуда аз бунёди ҷангалҳои нав муҳимтар аст, хабар медиҳад Interesting Engineering.