Дар Алмаато марҳилаи навбатии музокироти Ӯзбекистон ва Қазоқистон бинобар масъалаҳои демаркатсияи марзи давлатӣ ба поён расид

    Имрӯз, 11 июн, дар Алмаато ҷаласаи 84-уми ҳайатҳои ҳукуматии Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Ӯзбекистон ва Қазоқистон кори худро ба анҷом расонд.

    7-11 июни соли равон ҷонибҳо таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоии демаркатсияи сарҳади байнидавлатӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Шартномаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи демаркатсияи сарҳади давлатии Ӯзбекистон ва Қазоқистон идома доданд .

    Баргузории ҷаласаи навбатӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 83-юм 24-28 май дар Тошканд баргузор шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates