Ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суқут рӯзи 12-уми январ, тақрибан соати 10:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 04:50 ба вақти Боку) рух додааст. Ҳавопаймо ба обанборе, ки дар деҳаи Мидл-Пойнт дар 60 км шимолу шарқии Дарвин ҷойгир аст, бархӯрдааст. Дар дохили ҳавопаймо пилоти 63-сола ва мусофири 29-сола қарор доштанд. Мусофир осеб надидааст.
Дар полис зикр намуданд, ки ҳавопаймо ба яке аз ҷӯйҳои обие, ки ба обанбор мебаранд ва дар он ҷо тимсоҳҳои бисёр зиндагӣ мекунанд, афтид. Ноҷотдиҳандагон аввал мусофири беосебро ва баъд ҷасади пилотро аз ҳавопаймои суқуткарда берун оварданд.