Дар вилояти Ҷиззах якчоя бо шарикони Ҳиндустон истеҳсоли зиёда аз сад хел дорувор ба роҳ монда мешавад

    Саноат 15 Mart 2024 2078

    Дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Ҳиндустон «Avantika Shifokor», ки дар вилояти Ҷиззах сохта шуда истодааст, истеҳсоли беш аз сад намуди доруворӣ ба роҳ монда мешавад.

    Ширкатҳои «Shifokor-82» (Ӯзбекистон) ва «Avantika Medex Pvt. Ltd.» (Ҳиндустон) дар ноҳияи Зомин дар масоҳати 11,5 гектар корхонаи муштарак бунёд мекунанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри фармасевтӣ тахассус ёфтааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар чаҳорчӯби ин тарҳ 30 миллион доллари амрикоӣ маблағ, аз ҷумла 15 миллион доллар сармояи хориҷӣ истифода мешавад. Дар ин чо истеҳсоли воситаҳои дорусозӣ дар шакли хаб, капсула, инъексия, гел ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

    Ширкатхои «Shifokor-82» ва «Avantika Medex Pvt. Ltd.» солҳо боз ҳамкорӣ мекунанд. Муҳити мусоиди солҳои охир дар Ўзбекистон фароҳам овардашуда ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ соҳибкорони ӯзбеку ҳиндиро водор кардааст, ки истеҳсоли доруҳои аз Ҳиндустон воридшавандаро дар кишвари мо азхуд кунанд.

    Ба нақша гирифта шудааст, 70 дарсади маҳсулоти дар корхонаи муштараки нав тавлидшуда ба бозори хориҷӣ ва 30 дарсад ба бозори дохилӣ фиристода шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates