Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тахфифҳо барои туризми дохилӣ татбиқ мешаванд

    Сайёҳӣ 28 Avgust 2024 230

    Ба муносибати таҷлили 33-юмин солгарди истиқлолият дар кишварамон аз 31 август то 3 сентябр рӯзҳои ид эълон карда шуданд. Бо мақсади гуворою пурҷӯшу хуруш гузаштани ин рӯзҳои истироҳат, инчунин ҷалб намудани аҳолӣ ба туризми дохилӣ як катор тахфифҳо ҷорӣ карда шудаанд.

    Аз ҷумла:

    1. Дар давраи аз 31 август то 3 сентябр субъектҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба хизматрасонии 183 меҳмонхона ва хонаҳои меҳмонӣ аз 10 то 33 фоиз, инчунин ба 109 муассисаи хӯроки умумӣ аз 5 то 30 фоиз тахфиф ҷорӣ карданд.

    2. «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» барои аҳолии кишвар аз 31 август то 1-3 сентябр ба нархи чиптаҳои тамоми парвозҳои маҳаллӣ то 30 фоиз тахфиф пешниҳод мекунад.

    3. Ширкати ҳавопаймоии «Silk Avia" (ҶДММ «Uzbekistan Helicopters») барои тамоми парвозҳои маҳаллӣ, ки аз 31 август то 3 сентябр иҷро мешаванд, 15 фоиз тахфиф пешниҳод мекунад (www.silk-avia.com).

    4. Ҳангоми боздид аз мавзеъҳои сайёҳие, ки аз ҷониби Бунёди хайрияи «Вақф» идора карда мешавад, аз 31 август то 3 сентябр ба осорхонаҳо ва ҷойҳои муқаддас, вуруд барои маъюбон ройгон буда, барои меҳмонони дигар 50% тахфифи чиптаҳои даромадгоҳ пешбинӣ шудааст.

    Оҷонсии мероси фарҳангӣ аз 2 то 8 сентябр дар чаҳорчӯби “Ҳафтаи осорхонаҳо” барои аҳолии кишвар вуруд ба осорхонаҳои давлатиро ройгон фароҳам меорад.

    Ҳамчунин, бо мақсади пурмаҳсултар шудани саёҳат рӯйхати 72 туроператор ва 681 роҳбалад барои сайёҳии дохилӣ тартиб дода шуда, рӯйхати 220 макони сайёҳӣ аз рӯи минтақаҳо ташаккул дода шуда, феҳристи барномаҳои сайёҳӣ барои Ӯзбекистон таҳия шудааст.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates