Дар Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон ба маблағи беш аз 2 миллиард сӯм дуздӣ ошкор шуд

    Варзиш 13 Sentabr 2024 919

    Масъулини Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон дар тасарруфи беш аз 2 миллиард сӯм гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додааст.

    Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои ба федератсия ҷудошуда 15 нафаре, ки аъзои дастаи шиноварӣ набуданд, ба Туркия барои рухсатӣ фиристода шудаанд, ки дар байни онҳо ду нафар аъзои оилаи котиби генералии федератсия А. Г. низ ҳастанд. 405 миллион сӯм ба ин мақсадҳо сарф карда шудааст.

    Инчунин маълум гардид, ки бо фармонҳои сохта барои гузарондани ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ 458 миллион сӯм азхуд карда шудааст, ки дар асл иҷро нашудаанд.

    Ғайр аз ин 1 миллиарду 200 миллион сӯми аз тарафи сарпарастон барои баргузории мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷамъомадҳои таълимӣ ҷудо кардашударо рабудаанд.

    Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates