Дар Фарғона Маркази нави инкубатсия ва акселератсия кушода шуд

    Насли оянда 12 Aprel 2023 3162

    Дар доираи ҳафтаи инноватсионии лоиҳаҳои Фарғона InnoMix, ки аз ҷониби Донишкадаи политехникии Фарғона якҷоя бо филиали фарғонагии IT-парк гузаронда мешавад, 10 апрели соли 2023 ифтитоҳи Маркази нави инкубатсия ва акселератсия баргузор гардид.

    Дар маросими ифтитоҳи Маркази 42-уми инкубаторӣ ва акселератсия директори филиали IT-парк дар Фарғона Баҳромҷон Ҷалилов, проректори Донишкадаи политехникии Фарғона Зоҳидбек Ҳамрақулов, инчунин зиёда аз 100 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва стартапҳои ҷавон иштирок намуданд.

    Марказ бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи самараноки неруи ҷавонон дар ин самт таъсис дода шудааст. Дар он барномаҳои инкубаторӣ, хакатонҳо, идеятонҳо, семинарҳо, вебинарҳо, дарсҳои маҳорат ва ғайра баргузор мешаванд.

    Дар муассисаи нав тамоми шароит барои донишҷӯён барои азхуд кардани соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва омода ва роҳандозии лоиҳаҳои ояндадори стартап фароҳам оварда шудааст.

    Тавре дар боло қайд гардид, ҳафтаи озмунҳои InnoMix низ дар ҳамин рӯз оғоз ёфт. Дар доираи чорабинӣ ҳакатон, марафони коркардҳои технологии “Technoways”, инчунин барномаи “Қадами аввалини занон дар соҳибкорӣ” гузаронда мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates