Дар доираи мубориза бар зидди берун бурдани пинҳонии молу арзишҳои моддӣ аз қаламрави кишвар, таҳти ҳамкории кормандони Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Фарғона ва мақомоти гумрук амалиёти махсуси фаврӣ гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ворид шудани автомашинаи тамғаи “Damas”, ки онро сокини ноҳияи Фарғона (соли таваллудаш 1996), идора мекард, ба гузаргоҳи гумрукии марзии «Водил-авто» бо мақсади баромадан ба Ҷумҳурии Қирғизистон, он аз санҷиш гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш 4 рехтаи тиллои шакли ғайристандартӣ, ки дар қисми кузови автомашина пинҳон карда шуда буданд, ошкор гардида, ҳамчун далели моддӣ мусодира карда шуданд.
Тибқи хулосаи экспертиза, вазни холиси ин сабикаҳои тилло 1 килограмму 232 грамм буда, арзиши умумии онҳо 2 миллиарду 182 миллион 466 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
Дар рӯйи ҳолат, аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Фарғона нисбати ин шахс тибқи қисми 2 банди “а” моддаи 182 Кодекси ҷиноятӣ (вайрон кардани қонунгузории гумрук) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
ХАД шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар бораи чунин қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд.
Махфияти шахсияти муроҷиаткунанда кафолат дода мешавад.