Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ҶММ "Angren Avto Group", ки дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканд сабти ном шудааст, бо истифода аз қарзи бонкӣ созишномаеро барои харидории 15 автобуси тамғаи Yutong аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонд.
Дар рӯзҳои наздик ин автобусҳои муосир ба шаҳр оварда шуда, ба истифода дода мешаванд.