Ҳафтаи санъат инҳоро дар бар мегирад:

кушодашавии ботантанаи намоишгоҳи «Истиҷлолият дар эҷодиёти ман», 5 сентябрь;

дарси кушод дар мавзӯи «Аз таърихи мадрасаҳои Тошканд», 6 сентябрь;

намоишгоҳ  ва мизи мудаввари «Назар ба эҷодиёти рассом», 7 сентябрь;

дарси маҳорат ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Лавҳаҳои хатти суғдӣ», 8 сентябр;

озмуни «Роҳбалади ҷавон» дар байни хонандагони мактабҳои миёна, 9 сентябрь;

вохӯрии эҷодӣ, дарси маҳорат ва мизи мудаввар бо ҳайкалтарошҳо дар мавзӯи «Ман аз кори худ фахр мекунам», 10 сентябрь;

чорабинии хотиравии «Усто Мӯъмин» бахшида ба 125-солагии зодрӯзи рассом А.В. Николаев ва маросими пушида шудани ҳафтаи санъат, 11 сентябрь.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, , ширкаткунандагони чорабинӣ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Иштирок дар ҳама чорабиниҳо ройгон аст.