Тибқи қарор, осорхонаи ғайридавлатии таърихи кулолгарии анъанавии Риштон таъсис дода мешавад.
Вазифаҳои асосии осорхона чунин муайян карда шудаанд:
муайянсозӣ, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ;
амаль гардондани фаъолиятҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ ва таълимӣ;
омӯзонидани ҷавонон ба ҳунари кулолгарӣ дар асоси анъанаи «устод-шогирд»;
инъикоси воқеии мероси ғании фарҳангии ҳунари кулолгарӣ ва нақши он дар таърихи инсоният;
истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ ҳангоми ташкил намудани намоишгоҳҳо;
барқарор намудани ҳамкориҳои муфид бо осорхонаҳои хориҷӣ дар самти ташкили намоишгоҳҳо.
Гурӯҳи корӣ барои ташкили осорхона таъйин гардида, вазифаҳои асосии он таҳияи консепсия ва ба роҳ мондани фаъолияти осорхона мебошад.
То 1 апрели соли 2025, бинои барои осорхона ҷудошуда пурра ба фаъолияти осорхонавӣ мутобиқ карда мешавад.








