Дар Ҳиндустон бар асари ҳамлаи террористӣ қариб 30 нафар сайёҳ ҳалок шуданд

    Воқеаҳо 23 Aprel 2025 1375

    Камаш 27 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд бар асари ҳамлаи террористон дар минтақаи Ҷамму ва Кашмири шимоли Ҳинд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии News18 бо истинод ба манбаъҳои полис. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

    Гуфта мешавад, ки як гурӯҳи террористон, ки бо созмони «Лашкар-и-Тайба» алоқаманд аст, ба сайёҳон дар водии Байсаран, воқеъ дар ҷануби Кашмир, ҳамла кардааст. Бар асари ин ҳамла, 27 нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд. Тибқи рӯйхати осебдидагон, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон мебошанд.

    Тавре хабар дода мешавад, чанд нафар бо либоси низомӣ ба сайёҳоне, ки савори асп гардиш мекарданд, ногаҳон тир кушоданд. Ҳодиса дар водии Байсаран рух дод, ки яке аз ҷойҳои миёни сайёҳон маъруф маҳсуб меёбад.

    Ба гуфти яке аз наҷотёфтагон, қабл аз он ки тирпарронӣ оғоз шавад, террористон аз сайёҳон мепурсиданд, ки пайрави кадом дин ҳастанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Фронти муқовимат» ба дӯш гирифтааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates