Дар ин бора нашрияи маҳаллии “The Times of India” хабар додааст. Ҳодиса дар мактаби Харишанкар, воқеъ дар иёлати Уттаракханди шимолии кишвар рух додааст.

Тибқи иттилоъ, хирс дари яке аз синфхонаҳоро шикаста, ба синф ворид шудааст ва барои кашола карда бурдани хонандаи синфи шашум ҳаракат кардааст. Хирс кӯдакро аз синф бароварда, ҷониби ҷангали наздик давидааст. Хушбахтона, омӯзгорон ва хонандагон сари вақт чора андешида, хирсро тарсонданд. Хирсро маҷбур сохтанд, ки кӯдакро раҳо кунад.

Кӯдак аз байни буттаҳо дарёфт шуд. Шифокорон дар бадани ӯ ҷароҳатҳои зиёдро муайян карданд. Ба гуфтаи кормандони мактаб, баъди дидани хирс дар ҳудуди муассиса воҳима сар задааст. Дарҳол дарҳои синфхонаҳоро бастаанд, аммо ин ҳайвони ваҳширо бештар хашмгин кардааст. Яке аз омӯзгорон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, маъмурияти мактаб барои ҳифзи хонандагон аз ҳайвоноти ваҳшӣ чораҳои ҷиддӣ наандешидааст. Чанд рӯз пеш дар ноҳияи дигар низ чунин ҳамла рух дода, кӯдакон аз рафтан ба мактаб ба тарс афтодаанд, хабар медиҳад mir24.tv.